Барканории Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдори Хуҷанд бо фармони Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо як фармон Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷандро аз мақомаш барканор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент ба  ҷойи Маъруф Муҳаммадзода  Фирдавс Шарифзода, собиқ раҳбари шаҳри Гулистон таъин шудааст.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард

Дар фармони раисиҷумҳур омадааст: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Муҳаммадзода Маъруф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад”.

Маъруф муҳаммадзода дар мақоми шаҳрдори Хуҷанд се сол кор кардааст.

Фирдавс Шарифзода, ки  ҳамчун раҳбар ва ҷавони кордон машҳур шудааст 36 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд аст.

Фирдавс Шарифзода хатмакардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ (2004) ва соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Номбурда давоми солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, ва аз соли 2003 то 2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Мақомот қоил шуд, ки соҳибкорони шаҳри Гулистон дар ду сол чӣ қадар иншоот сохтаанд

Ӯ аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 дар вазифаи Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд кор кардааст.

Ба мансаби раиси шаҳри Гулистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2018  такя зада буд.