Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ҳабдаҳуми ноябр рӯзи байналмилалии донишҷӯён буда, дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлол, дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ ва дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 17 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1869 маросими ботантанаи кушодашавии канали машҳури Суетс доир шуд.

Соли 1893 дар натиҷаи заминҷунбӣ шаҳри Кучани Туркманистон пурра хароб гардида, беш аз 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1966 Комиссияи СММ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ) таъсис дода шуд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеар ба истифода дода шуд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.

 

 

Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

Соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шӯрои мазкур баргузор гардид.

Соли 2017 дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии "Маркази Оши палов" дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.
  • Дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия.

Рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1909 - мутарҷим Клавдия Улуғзода.

Соли 1930 Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аъло Аълоев.

Соли 1967 журналист Мавчудаи Соҳибназар.