Ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Шветсия густариш меёбанд

Вазирони умури хориҷии ин ду кишвар дар сӯҳбати онлайнӣ роҳҳои густариши муносибатҳои ин кишварро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия, Анн Линде тариқи видеоконфернсия баргузор гардид.

Муҳриддин бо сиёсатмадорони Урупо тағйирёбии иқлимро баррасӣ кард

Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Намояндагони ду кишвар густариши муносибатҳоро дар ҳошияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карданд.

"Робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъҳои меҳварии ин суҳбатро ташкил дода, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳити зист ва дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баён намуданд",- тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19 мубодилаи афкор карда, омодагии худро барои муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ иброз намуданд.