Сардиву барфу борон: ҳушдори обуҳавошиносон ва тавсияҳои КҲФ Тоҷикистон

Обуҳавошиносони Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 18 ноябр то 21 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво сардтар мешавад ва барфу боронҳои пуршиддат дар назаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

Гуфта шудааст, ки дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад.

“Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд”,-таъкид доштааст КҲФ Тоҷикистон.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар куҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд, инчунин аз гузаронидани корҳои саҳро ва рафтан ба шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.