ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ба наздикӣ тақсимоти китоби "Тоҷикон" байни сокинони кишвар аз ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоби ВМКБ оғоз мешавад.
"Дар рӯзҳои наздик ба ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат корвони мошинҳо бо туҳфаи бебаҳои Роҳбари давлат раҳсипор хоҳад гардид", - гуфтааст ҷаноби Раҳмонзода ҷаласаи кории комиссия ҷиҳати марҳила ба марҳила тақсим кардани китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров.
Интишори китоб бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби "Нашриёти муосир" бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ оғоз шуд.
То имрӯз аз ҷониби нашриёти мазкур китоби "Тоҷикон" бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба нашр расидааст.
Китоб бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ хоҳад расид.
Ёдрас мешавем, Президенти Тоҷикистон ҳангоми ироаи ахирон паёмаш супориш дода буд, ки китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонавода тақсим шавад.
Амри президент: китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оила туҳфа шавад