Полковники 56-сола: Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати оташнишонии Суғд даргузашт

Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, субҳи имрӯз дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Манобеъ аз РХДО Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Юсуфӣ на бемории илтиҳоби шуш дошту на вируси карона, балки рӯзҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашид.

“Беш аз даҳ рӯз ба ин тараф аз бемории фишорбаландӣ дар Бемористони шаҳрии № 1-и Хуҷанд табобат мегирифтанд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Имрӯз соати 11 дар шаҳраки Бӯстони Масчоҳ маросими ҷанозаашон баргузор шуд, ба ҳисоби пайвандон ҳамкорон аз ҷумла генерал Навҷувонов, сардори РВКД низ иштирок карданд. Худо раҳматашон кунад, роҳбари хубе буданд”, - зикр намуд манбаъ.

Марги ман чист?: даргузашти шоир ва олим Алишери Муҳаммадии 43-сола

Фитрати Ҳикмат яке аз ҳамдеҳагон ӯ гуфт, ки Ҳафиз Юсуфӣ то он, ки як роҳбари рутбадори хуб буд, аз инсонҳои некройе буд, ки дасти хайраш барои эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз буд.

Полковники 56-сола: Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати оташнишонии Суғд даргузашт

“Он кас барои бисёриҳо дасти кумак дароз мекарданд. Ҳамроҳ бо бародаронашон дар рушду ободии ноҳияи Мастчоҳ саҳми босазо гузоштаанд”, - гуфт Ҳикмат.

Бино ба иттилои манобеъ, Ҳафиз Юсуфӣ соли 1964 дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст.

Мотам дар дастгоҳи раиси вилояти Суғд: даргузашти Ином Усмонӣ

Ӯ, 33 сол инҷониб дар сохторҳои гуногуни вазорати корҳои дохила фаъолият намудааст. Аз ҷумла ҳудуди 15 сол мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳоноти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд буд.

Юсуфӣ аз моҳи июни соли 2020 сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд таъйин шуда буд.