Ҷавони 19-сола барои пинҳон намудани дуздии 10 сомонӣ ва гӯшии бесим мошинро оташ зад

Идораи корҳои дохилии Суғд аз боздошти як ноболиғи 19 – солаи сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар пайи содир намудани дуздӣ, микроавтобусро оташ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодиса нимашаби санаи 16 ба 17 ноябр дар маҳаллаи 8-уми Хуҷанд рух додааст.

Ҳалокати пиёдагарду велосипедрон: ду садамаи мудҳиши марговар дар Тоҷикистон

“Сокини 19 - солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба хотири ҳифзи эътибораш танҳо аз ӯ М. А. ном бурда мешавад, соати 01: 25 ба маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд омада, бо мақсади дӯздӣ ба автомашинаи Mercedess-Sprinter, ки ба сокини 39-солаи ин маҳалла тааллуқдошта  дохил шуда, 10 сомонӣ пул ва як адад гӯшии бесим, ки арзишаш 60 сомонӣ аст, тасарруф намуда, барои пинҳон намудани иззи ҷиноят мошинро оташ задаааст”, - шарҳ дод Шарифӣ.

Бо содир намудани ин кирдораш ҷавони номбурда ба соҳиби автомашина 120 ҳазор сомонӣ зарар расонидидааст. Бино ба гуфтаи котиби матбуоти РВКД, дар пайи сӯзонидани нақлиёт, соҳиби он ба идораи пулис дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст.

“Дар пайи коркардҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ нафари гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят навраси 19-сола, сокини шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст. Номбурда соли 2019 борои содир намудани ҷинояти дуздӣ як дафъа суд шудааст”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимнан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, эҳтимол дорад моддаи 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) ба парвандаи ҷавони 19-сола ҳамроҳ карда шавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.