Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон

Гузаргоҳи нави марзӣ бо номи Санҷидзор байни шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва Ӯзбекистон боз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.  Ба нақл аз сомонаи раёсати вилояти Суғд, ин гузаргоҳ, ки гузаргоҳи нав бо кишвари Ӯзбекистон хоҳад буд бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят ва Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ шуд.

Ифтитоҳи дидбонгоҳу гузаргоҳ марзӣ дар вилояти Суғд

Сохтмони гузаргоҳи марзӣ, ки дорои казарма,  утоқҳои таълимӣ, ошхонаҳо, анборҳои силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебошад, се сол пеш аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд оғоз ёфт.

Зариф Назирӣ: 17 гузаргоҳ бо Қирғизистон баста ва барои назорати марз камераҳо насб шуд

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки 16 гузаргоҳ дар вилояти Суғд воқеъ шудааст.

Узбакистон 10 гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистонро боз кушод

Гузаргоҳи Санҷидзор рафтуомади васоили нақлия ва мусофирон миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро осонтар мекунад.