Доллар 11,3 ва рубл 0,15 сомонӣ: Бонки миллӣ арзиши асъорро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 17 ноябри соли 2020, эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1465  сомонӣ нишон дода шудааст.

Идомаи болоравӣ: Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.3566 то 13.6000 сомонӣ муайян намудааст.

Ин бонк харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1447 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1465 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Аз болоравии рублу доллар ва евро то коҳиши сомонӣ: арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".