Ҳиндубача суруди Саидқул Билолро хонда доваронро тасхир кард - навор

Намояндаи ҷавони Ҳиндустон дар як озмуни мусиқӣ дар Душанбе ширкат варзид ва бо иҷрои таронаи маъруфи тоҷикӣ доваронро тасхир намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Лак Шарма, иштирокчии ҷавони озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон ватани ман" аз Ҳиндустон бо иҷрои як суруд ба забони тоҷикӣ ҳакамонро ба ҳайрат овард.

Ҳидубача сурури маъруфи овозхони саршиноси Тоҷикистон Саидқул Билолро сароид. Навори ҳунарнамоии Шарма дар канали Taj Smart дар шабакаи YouTube нашр шуд ва аз ҷониби ҳазорон корбар писандида шуд.

Миёни ҳакамон худи Саидқул Билол, Миралӣ Достиев, Бахтиёр Иброҳимов ҳузур доштанд ва аз сурудхонии ҳиндубача бо забони тоҷикӣ ба ҳайрат омаданд.