Майя Санду дар интихоботи президентии Молдова Игор Додонро шикаст дод

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи марказии интихоботии Молдова, дар интихоботи президентӣ пешвои оппозитсияи тарафдори Аврупо Майя Санду пирӯз мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Сарвазири собиқи Молдова ва раҳбари Ҳизби Амал ва Ҳамбастагӣ Майя Санду дар даври дуввуми интихоботи президентӣ пешсаф аст, хабар медиҳад Комиссияи марказии интихобот.

Тибқи маълумоти охирин, вай 56,28% овоз гирифта, аз президенти феълӣ Игор Додон, ки 46,6% овозҳоро ба даст овард, гузаштааст.

Ҳамин тариқ, Сандуро беш аз 910 ҳазор шаҳрвандони Молдова ва Додонро зиёда аз 689 ҳазор нафар дастгирӣ карданд.

Молдова марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо боз кард

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ КМИР-и кишвар 99% санадҳоро коркард карда, ҳама бюллетенҳои дохилӣ ҳисоб карда шудаанд.

Комиссияи марказии интихобот овозҳоро аз 20 участкаи дигари интихоботии хориҷӣ мешуморад.

Хотиррасон мекунем, ки даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова як рӯз пеш баргузор шуда буд. Шаҳрвандони ин кишвар сарвари давлатро барои чаҳор соли оянда интихоб карданд.

Роҳбари феълии Молдова Игор Додон, ки барои бори дуюм номзади худро пешниҳод карда буд, рақиби Санду шуд.

Тибқи маълумоти охирини КМИР, дар интихобот 52,76% ширкат варзиданд.