Дипломатҳои тоҷик Рӯзи Президентро таҷлил карданд: вазир аз нақши Раҳмон гуфт

Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор кард, ки дар он вазир суханронӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар суханронии табрикӣ аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш - аксҳои нодир дар Рӯзи президент

Вазир инчунин нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро таъкид кардаст.

Ба иттилои “Ховар”, Муҳриддин гуфт, натиҷаи ҳидояту роҳнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла сиёсати “дарҳои боз” аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кулли кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса касб намудааст.

Ба гуфтаи вазир, гиромидошти Рӯзи Президент, ки ибтидо аз соли 2016 ба ҳукми анъана даромаду ҳар сол таҷлил мешавад, нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сироҷиддин Муҳариддин таъкид намудааст, ки ин ҷашн омили дигари ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президент ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди шариф аст.