ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. “Трактори ҳамакора” и Мақсатулло дирӯз дар озмуни “Ихтироъкорон ва навъоварони ҷавони вилояти Суғд” муаррифӣ шуд ва аъзоёни ҳакамони озмунро ин сохтаи хонандаи синфи 11 и мактаби таҳсилоти умумии № 33 и шаҳри Панҷакент дар ҳайрат гузошт.
Фирдавс Ашӯрматов, директори Маркази таҳсилоти иловагии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мақсатулло бо ин сохтаи нодираш мақоми аввали озмунро соҳиб шуд.
“Трактори ҳамакора” и Мақсатулло воқеан як ихтироъи ҷадид ва барои мардуми деҳқон муҳим ба ҳисоб меравад. Дар озмун баранда ва ҷоизаи раиси вилояти Суғд иборат аз 5 ҳазор сомонӣ ба ӯ дода шуд”, - гуфт Ашӯрматов.
Директори маркази таҳсилоти иловагии Суғд таъкид намуд, ки дар озмуни “Ихтироъкорон ва навъоварони ҷавони вилояти Суғд”, рӯзҳои 12-13 ноябр бо иштироки 32 хонандаи макотиб ва донишҷӯёни донишгоҳҳо, ки беш аз чиҳил беҳтарин сохтаҳои худро пешниҳод намуда буданд, натиҷагирӣ шуд.
Мақсатуллои Амонулло, узви маҳфили “Техникҳои наврас” дар шаҳри Панҷакент буда, бо харҷи 9 ҳазор сомонӣ ва давоми 8 моҳ ба сохтмони “тарктори ҳамакор” муваффақ шудааст.
Ин хонандаи синфи 11 и МТМУ № 33 гуфтааст, ки таҷҳизоти сохтааш алаф дарав мекунад, картошка мечинад ва замин кишт намуда барқ низ медиҳад, аз ин хотир онро “тарктори ҳамакор” ном мондааст.
Зимнан ба ин монанд тракторҳои монанд ба ин дар бозор 50 -70 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.
Ин трактори сохтаи ӯ каммасраф буда, дар 2 соати кор ҳамагӣ 1 литр бензин масраф мекунад.
Директори Маркази таҳсилоти иловагии Суғд, гуфт дар ҷараёни баргузории Озмун намояндаи идораи патент ва иттилоот низ ширкат доштанд ва барои расман сабти ном намудани “тарактори ҳамакор” таъкид намудаанд.