Омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди китобҳои дарсӣ шикоят карданд

Масъулони мактабҳо ва омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди шадиди китобҳои дарсӣ дар марокизи омӯзишии ин минтақа шикоят мекунанд, ки ба раванди омӯзиши улум таъсири манфӣ мегузорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Қубодиён гуфтаанд, ки дар риштаи ҳуқуқи башар барои 30 донишомӯз танҳо як ҷилд китоби дарсӣ ва барои таърихи мардуми тоҷик ду ҷилд китоб вуҷуд дорад, ки ин мавзӯ мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Русия ба Тоҷикистон 2 ҳазор китоби дарсӣ равон кард

Шоҳмардон Шоҳинов, китобдори идораи маорифи ноҳияи Қубодиён мегуяд, ки дар мактабҳои ин минтақа 14 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ дар риштаҳои физик, риёзӣ, химия, ҳандаса, зистшиносӣ ва забонҳои русӣ ва англисӣ камбуд вуҷӯд дорад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин минтақа китобхонаи иҷора додани китобҳои дарсӣ роҳандозӣ шуда, ки маблағи қарзи он акнун ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар ноҳияҳои марзии Шаҳритус низ камбуди 9 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ мушоҳида мешавад.

Вазъи мушобеҳ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мушоҳида мешавад.