Нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон озод шуду, вале на камтар аз 395 евро

Роҳбари Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз озод шудани нархи билети ҳавопаймо дар парвозҳои чартерӣ аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Икром Субҳонзода таъкид доштааст, ки барои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дигар ниёзе ба сабти номи қаблӣ дар сафорат ва консулгариҳо вуҷуд надорад ва коргарони муҳоҷири бекор шудаи тоҷик метавонанд аз намояндагиҳои ширкати “Сомон Эйр” ва ширкати русии Utair (ЮТэйр) билет харидорӣ кунанд, иттилоъ додааст Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Ширкати ҳавоии ЮТэйр ҳатто бо билети 45 ҳазор рублӣ дигар ҷойи холӣ надорад

Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид доштааст, ки нархи билет барои ҳар мусофир 395 евро муқарар шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки тамоми шаҳрвандоне, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегирданд бояд ба лиҳози ибтило ба корона гувоҳиномаи саломат дошта бошанд.

Гуфта шудааст, ки ин гувоҳинома бояд чаҳор шабона рӯз қабл аз парвоз дарёфт шавад.

Бо ин ҳол кудакони зери се сол машмули ин муқаррарот намешаванд.