КҲФ гуфт, чанд касро наҷот доду чанд нафари дигар ғарқ шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми нуҳ моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 193 ҳодиса табиӣ ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, аз теъдоди умумӣ дар 25 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расида, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

КҲФ зарари офатҳои табиии нимсоларо гуфт: 7 фавт ва...

Ин ниҳод мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагони кумита 216 нафар наҷот дода шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин нафарон ҳангоми тармафароӣ, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ, кушодани дарҳои оҳанин, садамаи нақлиётӣ, дар дохили лифт мондан ва дар дигар амалиётҳои кормандон наҷод ёфтанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин давра дар кӯлу дарёҳои кишвар 99 сокини ҷумҳурӣ ғарқ шудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ба ҳама зарардидагон офатҳои табиӣ кумакҳои лозима расонида шуд.

Генерал Назарзода ва Қоҳир Расулзода дар Хуросон шаҳраки навро ифтитоҳ карданд

Ёдовар мешавем азимтарин ҳодисаи табиие, ки давоми 9 моҳи гузашта сар зад, омадани сел дар ноҳияи Хуросон буд, ки дар пай харобиҳои зиёд дошт.

Кумаки Ҳукумат: 25 ҳазор сомонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба 26 хонаводаи осебдидаи Тоҷикобо

Ҳамзамон бар асари заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод низ хонаҳои сокинон зарар дид.