Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Даҳшати коронавирус дар Русия: 391 фавт ва беш аз 22 ҳазор мариз дар як рӯз

Шабонарӯзи гузашта шумораи маризони нави коронавирус дар Русия ба ҳадди рекордӣ гузашт. Мубтало шудани 22 702 нафар ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Вазъияти коронавирус дар Русия ҳамарӯза рӯ ба бадшавӣ мениҳад. Бар хабари Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус, шабонарӯзи гузашта дар 85 манотиқи Русия 22 702 ҳолати ҷадиди сироятшавии мардум ба вируси COVID - 19  сабт гардид.

Се рӯз пайи ҳам: зиёда аз 20 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия

Манбаъ ҳамчунин аз фавти 391 нафар дар 24 соати ахир хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, сироятшавии бештар ҳамоно дар пойтахт - шаҳри Маскав сурат мегирад.

Танҳо дар як шабонарӯзи ахир, дар Маскав 6427 ҳолат сабт гардид. 

389 фавт ва зиёда аз 19 000 мариз дар як рӯз: вазъи ташвишовари коронавирус дар Русия

Ба ҳамин минвол, дар Русия теъдоди умумии гирифторони коронавирус аз авоили хуруҷи ин маризӣ то ба имрӯз ба 1 903 253 нафар баробар шуд.

Дасти кам 32,834 мариз ҷони худро аз даст дода, 1 425 529 нафар комилан шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти СҶБ дар ҷаҳон 52,4 миллион нафар мубталои коронавирус ҳастанд, ки 1,29 миллион нафари онҳо фавтидаанд. Аксари ҳолатҳо дар Иёлоти Муттаҳида - 10,2 миллион, пас аз он Ҳиндустон ва Бразилия. Ба даҳгонаи пешсафон инчунин Русия, Фаронса, Испания, Британияи Кабир, Аргентина, Колумбия ва Италия шомиланд.