Бо фармони Раҳмон: сержанти милитсия бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ шуд

Мирзоев Хуршед, нозири хадамоти роҳбонӣ - дидбонии ШБДА РВУД дар шаҳри Душанбе бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нишон додани далерию шуҷоат қадрдонӣ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Мирзоев Хуршед нозири БДА дар шаҳри Душанбе, дар Рӯзи милитсияи тоҷик бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ карда шуд.

Барканории Борону мансаби нави Партов: Раҳмон дар ВКД тағйироти кадрӣ кард

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Мирзоев бо фармони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин нишони сарисинагӣ сарфароз гардид.

Гуфта мешавад, Мирзоев барои хомӯш кардани ҳодисаи сӯхтор, ки поси шаби 30 ноябр дар маҳаллаи 91 - уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, саҳмгузорӣ кард.

"Сержанти хурди милитсия, Мирзоев Хуршед Ҷамолиддинович бо чолокӣ, далерию ҳисси баланди масъулият ва садоқати худ ба давлату миллат аз авҷи оташ ва таъсири он наҳаросида оташро аз панҳшавӣ пешгирию хомӯш кард", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ин ҳодиса қисми рости пешонӣ, панҷаи дастони рости сержант аз оташ осеби сахт дид.