ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Фармони раисиҷумҳур, рӯзи 11 ноябр содир шуд. Давлатзода то ин дам, раиси шаҳри Конибодом буд ва ба ҷои ӯ дар ин мақом Абдусалом Тӯхтасунзода таъин шуд.
Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дирӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, раисони тозатаъйини шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Истиқлолро муаррифӣ кардааст.
"Давлатзода нахуст дар расми муаррифии Тӯхтасунзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом иштирок намуда, баъдан ба ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада ва он ҷо ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия ба аъзои ҳукумат муаррифӣ шудааст", - гуфт манбаъ аз ҳукумати Суғд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ, аз калонтарин навоҳии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Ин ноҳия, ҳоло аз 2 шаҳрак ва 8 ҷамоат иборат аст.
Зафарбек Давлатзода, 23 майи соли 1975 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ, соли 1996 филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис-механик ва соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Соли 1996 фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаи мутахассиси пешбари колхози "Баҳористон" - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ намуда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 1998-2007 раиси хоҷагии деҳқонии "Зафар"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2007-2013 дар вазифаи сардори Корхонаи воҳиди давлатии канали "Хоҷа Боқирғон", солҳои 2013-2014 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2014-2016 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд буд.
Аз моҳи декабри соли 2018 раиси шаҳри Конибодом ва аз 11 ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст.
Дар ин мақом Давлатзода, Зариф Назириро иваз намуд. Назирӣ ба ҷои Рустам Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои кишоварзӣ таъйин гардид.