ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар шаҳр бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
“Тибқи нақшаи барномаҳо, дар тамоми муассисаву ташкилоти шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ба ин муносибат баргузор ва доир ба нақшу мақом ва хидматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо ироа мегарданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистони рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ҷашни Рӯзи Президент дар 16-уми ноябр дар он аст, ки дар ҳамин рӯз яъне 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Тоҷикистон савганд ёд карда, худи ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Нашри китоби ҷадид дар бораи президенти Тоҷикистон
Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир мегардад.