Давлатзода гуфт, бақияи қарзи андоз аз 1 миллиард гузашт

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, бақияи қарзи андоз то аввали моҳи октябр дар кшвар аз 1 миллиард сомонӣ гузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Давлатзода зимни баррасии иҷрои буҷаи давлат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, таъкид кард, ки тайи 9 моҳи равон қарзҳо аз андоз 440 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ баробар шуданд.

Баъди танқиди Президент: гумрукчиён нақшаро барзиёд иҷро карданд

“Бинобар сабаби аз тарафи баъзе аз субъект­ҳои хоҷагидор сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2020-ум 1 миллиарду 21 миллион  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 -ум 440 миллион. сомонӣ зиёд мебошад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Кумитаи андоз.

Дар феҳрасти калонтарин қарздорҳо аз андоз, Давлатзода нерӯгоҳҳо, корхонаи алюминий ва фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоиро ном бурд.

“Қарзи андоз асосан аз ҳисоби НОБ “Сангтӯда-1” 115,6 миллион сомонӣ, НБО “Роғун” - 43,2 миллион сомонӣ, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” – 15 миллион сомонӣ , ҶСК “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеи он - 25,4 миллион сомонӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 71,5 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст”, - таъкид намуд Нусратулло Давлатзода.