Азсаргирии парвозҳои Русия ба Эрон

Самолет авиакомпании Аэрофлот. Архивное фото
Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот” –и Русия парвозҳои мустақими Теҳрон - Маскавро аз 18 ноябр аз сар мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия аз 18 ноябри соли равон аз фурӯдгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ Теҳрон ба мақсади фурӯдгоҳи байналмилалии Шереметево (Sheremetyevo) -и Маскав анҷом мешавад, иттилоъ додаааст хабаргузории ИРНА.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Истиқболи Эрон аз имзои созишномаи сулҳ миёни Арманистону Озарбойҷон

Бар асоси ин гузориш, парвозҳои ширкати “Аэрофлот” дар масири Маскав -Теҳрон ду рӯз дар ҳафта (якшанбе ва чаҳоршанбе) ва бо ҳавопаймои Сухои русӣ анҷом мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии “Моҳон”-и Эрон низ акнун панҷшанбеҳо парвози Теҳрон – Маскав ва баръаксро анҷом медиҳад.

Ширкатҳои “Аэрофлот”-и Русия ва “Моҳон”-и Эрон бо тавваҷуҳ ба маҳдудиятҳои иҷрошуда бар асари густариши вируси корона, парвозҳои мусофирбарӣ байни Эрону Русияро анҷом медиҳанд.