Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи дувоздаҳуми ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш буда дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 12 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардида буд.

Соли 1993 дар Ӯзбекистон  асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1970 дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар бозори "Корвон" сӯхтори бузург ба амал омад.

Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли  2014 ба дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.

Соли 2015 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

Соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният" Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.

Соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии "Доктори фалсафа ва иқтисод" — и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Соли 2015 "Боғи миллии Тоҷикистон" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.
  • Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.
  • Рӯзи байналмилалии донишҷӯён

Рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1922-2009 корманди давлатӣ Ибодат Раҳимова.

Соли 1938-1986 журналист Сарвар Амирҷонов.

Соли 1953 композитор, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Талабхуҷа Сатторов.

Соли 1953 файласуф Сайфулло Сатторов.