Тавофуқи Тоқаев ва Мирзиёев барои кумак ба Қирғизистон

Сарони Қазоқистон ва Ӯзбекистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев дар бораи расонидани кумаки иқтисодӣ ва башардӯстона ба мардуми қирғиз ба мувофиқа расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Хадамоти матбуоти сарвари Қазоқистон гуфт, ки президентҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев дар як сӯҳбати телефонӣ омодагии худро барои расонидани кумаки иқтисодӣ ва башардӯстона ба Қирғизистон тасдиқ карданд.

Пулҳои “дуздида”-ро баргардонед: як моҳ муҳлат ба мансабдорони порахӯр дар Қирғизистон

"Президентҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карданд. Ба рӯзнома лоиҳаҳои нави муштарак дохил карда шудаанд, ки дар солҳои наздик татбиқ хоҳанд шуд", - омадааст, дар иттилоияи нашркардаи сайти президенти Қазоқистон.

Ҳангоми баррасии вазъ дар Осиёи Марказӣ сарони давлатҳо дар бораи талошҳои муштарак барои таъмини субот ва амният дар минтақа ба мувофиқа расиданд

Президентҳо гуфтаанд, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба мардуми қирғиз кумаки иқтисодӣ ва башардӯстона мерасонанд.

"Нигаронем": муроҷиати президентҳои Осиёи Марказӣ ба мардум ва мақомоти қирғиз

Илова бар ин, Тоқаев ва Мирзиёев ба натиҷаҳои саммити СҲШ, ки рӯзи 10 ноябр таҳти раёсати Русия баргузор шуд, баҳои баланд доданд.