Дар Тоҷикистон зимистон оғоз мешавад: якбора 10 дараҷа сард хоҳад шуд

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, давоми се рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо боришоти борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон якбора поин рафтани ҳарорати рӯзона 8-10 дараҷа пешбинӣ шуда, борон ва барф сар мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ҳушдори ҳавосанҷони тоҷик дар бораи сардиҳои 15- дараҷаӣ

Дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар туман мефарояд.

Дар Душанбе дар пайи ҳавои абрнок борон меборад. Ҳарорат шабона тақрибан 7-9 ва рӯзона 11 дараҷа гарм аст.

Ҳамзамон, дар минтақаҳои наздиктарини тобеи ҷумҳурӣ на танҳо борон, балки барф ва дар баъзе ҷойҳои сахт меборад.

Ҳарорат дар доманакӯҳҳо шабона ба -1 ва рӯзона аз + 5 то + 10 дараҷа хоҳад расид.

Дар вилояти Хатлон туман, борон боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона то +6, рӯзона 10-15 дараҷа мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ғайр аз он, шамол дар як сония то 15 метр мевазад.

Чангбоду хокбориш дар Тоҷикистон: пешбинии дақиқи обуҳавошиносон барои ду рӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боридани барф дар назар аст, ки ин ҳолат дар ғарби минтақа бештар хоҳад буд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа, рӯзона то + 11 дараҷа ва дар шарқи ВМКБ бошад шабона то -12 дараҷа сард мешавад.