Васияти “Шоҳаншоҳи Сармаддеҳ” амалӣ шуд: ӯро дар канори падар ба хок супурданд

Ҷанозаи Баҳманёр, нависандаи маъруфи тоҷик, дар зодгоҳаш дар Панҷакент ба хок супурда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки намози ҷаноза ва маросими хоксупории ӯ соати 11 – и қабл аз зӯҳр дар гузари Ғаззаи Поини деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Ворӯ баргузор шуд.

“Қабл аз ба хок супоридани марҳум як ҳамоише бо ширкати намояндагони Иттифоқи нависандагон, ҳукумати шаҳри Панҷакент ва меҳмонони дохиливу берунӣ барпо гардид. Тавре васият карда буданд, он касро дар қабристони деҳа ва дар канори қабри падарашон ба хок супоридем”, - гуфт писари ӯ Исфандиёр Аминӣ.

Баҳманёр (Наҷмиддин Арабов), нависандаи маъруфи тоҷик, субҳи дирӯз, 10 ноябр, дар манзили худ дар маҳаллаи мавсум ба “Политехникум” - и шаҳри Душанбе дар синни 66 – солагӣ олами фониро тарк кард.

Мотам дар прокуратура: прокурори ноҳияи Зафаробод даргузашт

Ӯ дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст, аммо ба қавли наздиконаш, қаблан ба фарзандон васият карда будааст, ки ӯро дар ватани бобоиаш – деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент ва дар канори қабри падараш гӯронанд.

Қаблан як қатор зиёиёни маъруфи кишвар пешниҳод намуда буданд, ки Баҳманёр дар қатори дигар бузургони аҳли адаби тоҷик дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад. Аммо Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи як санади расмӣ, дар қабристони Лучоб афроде, ки унвонҳои баланди давлатӣ доранд, ҷой дода мешаванд.

Баҳманёр муаллифи осори гаронбаҳои насрӣ аст, аммо унвони давлатӣ надорад. Яке аз наздиконаш мегӯяд, муҳимтар аз ҳама иҷрои васияти ӯст, на ин ки куҷо қабр мешавад.

“Баръакс, мазори ӯ зиёратгоҳи аҳли адаб ва мухлисонаш хоҳад буд. Қабри устод Рӯдакӣ ҳам дар Панҷрӯд ва зиёратгоҳи тамоми мардуми эронинажод аст”, - гуфт ӯ.