ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Агар кӯтоҳ карда гӯем, дар як шабонарӯз ҷанг ба сулҳ мубаддал шуд, хатти фронт бошад ба истиқрори низомиёни Русия табдил ёфт (ёдрас мешавем, пас аз ду моҳи изҳороти ҳушдоромез, ки Русияро гӯё аз минтақа фишурда мекунанд).
Нахуст, шабона хабар омад, ки дар марзи Арманистону Озарбойҷон чархболи ҳарбии Русия сарнагун шудааст ва ду нафар аз узви халабонҳо ҳалок шудаанд. Шояд, ин сабабгори оғози тағйир ёфтани вазъ гардид.
Боку фавран ӯҳдадории ҳодисаро бар дӯш гирифт, иқрор шуд, ки ин ҳодисаи тасодуфии фоҷеабор буд ва Илҳом Алиев ба Путин занг задаву пӯзиш хост.
Сипас раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо муроҷиатномаи махсус баромад кард ва хабар дод, ки изҳороти сеҷонибаи оташбаси билкулл ва истиқрори нерӯҳои сулҳбони Русия дар минтақа ба имзо расидааст.
Субҳи барвақт аз аэродроми Уляновск-Восточний ҳавопаймои Ил-76 бо нерӯҳои сулҳбони Русия ба ҳаво хест.
Ҷузъиёти созишномаи имзошуда ин буд, ки дар Ереван дарҳол ошӯб сар зад. Эътирозгарон бинои ҳукумат ва парлумонро торумор карданд ва раиси Маҷлиси шӯрои миллиро бераҳмона латтукӯб намуданд.
Мухолифин сарвазири кишвар Никол Пашинянро, ки созишномаро имзо кард, ба хоинии миллат муттаҳам мекунанд.
"Инҷо мардумро мекушанд": Русияро дар Қаробоғ кӣ интизор аст?
Қаҳри мухолифини ереваниро ва талаботи онҳоро дар бораи ихроҷ шудан аз созишнома фаҳмидан мумкин аст, зеро дар ҳақиқат, ҳуҷҷат шикасти ҷониби арманӣ ва аз даст додани ҳудуди ҷумҳурии эътирофношудаи Қаробоғи Кӯҳиро (ҶЭҚК) ба миён мегузорад.
Аммо, гап сари он аст, ки Арманистон илоҷи дигаре надошт, - дурусташ, он бадтар буд - фоҷеаи низомӣ.
Тавре президенти ҶЭҚК Араик Арутюнян изҳор дошт: "Агар амалиётҳои ҷангӣ бо ҳамин низом идома меёфтанд, мо Арсахро дар чанд рӯз аз даст медодем". Ӯ дар ин изҳороташ афзуд, ки дар шаҳри Шуша қӯшунҳои арманӣ ҳанӯз 7 ноябр - тавре Илҳом Алиев гуфт - контролро аз даст дода буданд.
Росташ, як савол ба миён меояд: Чаро Боку дар ҳоли як қадам аз ҳалли мушкилии рақами якашон дар созишнома имзо карда, ҷангро бозистонданд?
Раисҷумҳури Озарбойҷон барои кишвари худаш қаҳрамони миллӣ гардид, аммо он ҷо низ мухолифҳо кам нестанд, ки аз хиёнат ба манфиатҳои миллӣ ҷор мезананд.
Бидуни шак, Илҳом Алиев, чун сиёсатмадори пуртаҷриба дар қарори худ, аз рӯи сабабҳо ва мақсадҳояш амал мекард.
Масалан, чанд моҳ пеш, ӯ ба арманиҳое, ки дар Қаробоғ зиндагӣ мекунанд, амният ва риояи ҳуқуқашонро кафолат дода буд.
Аммо ба тамоми хоҳиши худ нигоҳ накарда, ӯ наметавонист ваъдаашро иҷро кунад - саҳифаҳои торику хунолуди торихи ду миллат исботи ин гуфтаҳоянд. Ва гумон аст, ки роҳбари Озарбойҷон муҷрими як хунрезии арманиҳо шуданист.
Дар навбати худ Маскав низ далелҳоеро гуфт, ки Боку ба он гӯш дод.
Аммо як омили муҳими дигаре низ ҳаст - Туркия, ки ба қарори президенти Озарбойҷон бетаъсир намонд.
Дастгирии Туркия дар дастовардҳои ҳозираи Озарбойҷон нақши муҳим бозиданд. Аммо ҳаммаашро пардохт кардан лорзим аст, иштиёқи Эрдуғон бошад, ҳамонеро мемонад, ки мегӯянд, "даст диҳӣ, аз орунҷат мегиранд."
Алиеве, ки доим кӯшиш мекард байни марказҳои аслии қудрат дар минтақа (Русия, Туркия ва Эрон) тавозун эҷод кунад ва бо ҳамин ҳокимиятро дар кишвар пойдор бимонад, ҳеҷ вақт хостори табдил додани Озарбойҷон ба лӯхтаки дасти Анқара нест.
СММ аз Арманистону Озарбойҷон хост фавран ба даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд
Аз он ногуфта, ки ба Қаробоғ аз Шарқи Наздик ҷангиёни "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ, ин сарбуррон чи барои минтақа ва чи барои худи Озарбойҷон таҳдиди бузурге мебошанд.
Маҳз барои ҳамин ҳам, кишварҳои мусалмонӣ пеш аз дигар давлатҳо бо исломгароён мубориза мебаранд - онҳо мавриди ҳамлаи мустақим қарор мегиранд.
Анҷоми амалиёти ҳарбӣ ва созишномаи ба тавсиб расонида ба Озарбойҷон имконият медиҳад, ки ин масъаларо барои ҳамеша маҳв кунад.
Илҳом Алиев расман ба ҷониби Анқара дар бораи нерӯҳои сулҳовари турк дар Қарабоғ ишора кард, аммо дар ин ҳуҷҷати имзошуда Туркия умуман ёдрас намешавад.
Дар ин замина ҳодисаи чархболҳои Русия печутоби ҷадиде ба худ мегирад.
Шакке нест, ки Озарбойҷон қувваҳое ҳастанд (пеш аз ҳама туркгарона), ки дар канда шудани созишнома манфиатдоранд.
Зеро фаҳмост, ки раванди гуфтушунид чанд вақт буд, ки идома меёфт ва маълумот дар бораи натиҷаҳои он дар фазоҳои марбута печ мехӯрд.
Наметавон рад кард, ки як таҳрики созмонёфта сурат гирифтааст ва онро бо умеде анҷом додаанд, ки мақомоти Русия ба он дода мешаванд ва дар лаҳзаҳои ахир аз созиши бадастоварда даст мекашанд - ва ҷанг дар Қаробоғ идома меёбад.
Аммо Маскав ва Боку дар ин ҳолат кореро карданд, ки бояд мекарданд: Озарбойҷон ӯҳдадориро бар дӯш гирифт, Русия таҳаммул намуд.
Аммо дар бораи Арманистон ин чизро гуфта наметавонем.
Соли 2018 одамони зиёде дар кӯчаҳо Никол Пашинянро ба "тахт" нишониданд. Ва имрӯз ҳамон қадар одамон ва дар ҳамон кӯчаҳо омода буданд, ки ӯро "сарнагун" кунанд, зеро маълум шуд, ки роҳбаре, ки мегуфт кишварро ба Аврупо мебарам, ба ҷои дигаре бурд ва кори вай дар соҳаи сохтмони низомӣ барои Арманистон бохти бузурге шуд.
Бояд қайд кард, ки мардони ҷавону нерӯманде ки мехостанд бинои ҳукуматро торумор кунанд, бидуни ягон киноя ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи марбуттарин равандҳои ғарбӣ қарор дорад.
Агар Арманистон аз ҳодисаҳои ду соли охир дарс нагирад, худаш барои дигар кишварҳои дигар дарс хоҳад шуд.
Барои вазъ бошад дар минтақа дар умум як нишондод муҳим аст, гурӯҳи тазриқшудаи Русия байни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон, метавонад аз ҳисоби шумора як чизи рамзӣ намояд.
Аммо қувва ва иқтидори қудрати шинохташуда бо он чен мешавад, ки то кадом андоза байни ду ҷониби ҷанг камтар истода метавонанд.
Барои гуфтан, ки ин дар анҷоми ҷанг кофист, метавон статуси Русияро ҳамчун "таъминкунандаи сулҳ дар Қафқоз" пеши назар овард.