Бозорҳои шаҳри Хуҷанд безарар гардонида шуданд

Мақомоти шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинони вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти вилояту​ шаҳр​ амалӣ ​гардида истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар бозорҳои марказии "Панҷшанбе" ва "Афросиёб" бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.

Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус "Covid-19" сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд.

"Чанде пеш​ корҳои безарагардонӣ дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ,​ Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳҳалаи "Бофанда"-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.