Бархӯрди маргбор: садамаи нақлиётӣ дар Қубодиён ҷони ду касро гирифт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз садамаи маргборе дар роҳи самти Қубодиён хабар медиҳад, ки ҷони ду касро гирифта ва ду тани дигарро бистарӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, ҳодисаи нохуш рӯзи 9-уми ноябр, тахминан соатҳои 21:45 рух додааст.

Садамаи мудҳиш: ду нафар ҷо ба ҷо, як нафар дар шифохона фавтиданд

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи худрави "Опел-Астра", Ибрагимов Мансур Машрабович, сокини 29 - солаи ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шаҳритус ба ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Б. Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои ядаки трактори тамғаи "Т-28", бархӯрдаааст.

Трактор таҳти идораи ронанда Тағойназаров Раҷабалӣ Амонович, сокини 62-солаи ҳамин ноҳия, будааст.

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

"Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш Кенҷаев Фарҳод Нурмуродович, сокини 29-солаи Қубодиён, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дигар мусофирони дохили худрав, Қодиров Рустам Неъматович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён ва Маҳмадрозиқов Алишер Исломиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.