ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мулоқотҳои пайвандон бо зиндониён дар тамоми маҳбасҳои кишвар аз рӯзи душанбеи гузашта аз сар гирифта шудааст.
“Танҳо талаботе, ки аз онҳо карда мешавад, санад дар бораи гирифтор набудани онҳо ба Ковид – 19 аст. Кӯдакони аз якмоҳа боло, ки мехоҳанд ба дидори пайандони маҳбуси худ бирасанд, низ бояд чунин санад дошта бошанд. Бақия қоидаву қонунҳо мисли пешина хоҳанд буд. Ҳама гуна мулоқотҳо ва дар рӯзҳое, ки иҷоза дода шудааст, баргузор мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Вазорати адлияи Тоҷикистон аз 31 марти соли равон ҳама гуна дастовез, дидору мулоқоти кӯтоҳмуддату дарозмуддат пайвандон бо наздикони маҳбусашонро ба далели густариши пандемияи “вируси корона” дар кишвар манъ карда буд, аммо баъдтар интиқоли маводи ғизоӣ ва либосвориро иҷоза дод.
Дар ҳамин ҳол, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, моҳи май дар айни авҷи “вируси корона” зимни як суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки агарчи дидору мулоқот бо зиндониён манъ шудаанд, аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст.
Светков оид ба таҷдиди зиндонҳои Тоҷикистон: шахс бояд дар шароити мӯътадил зиндагӣ кунад
“Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем”, - гуфта буд Мансурҷон Умаров.
Манобеъи расмӣ мегӯянд, дар ин бора ки иҷозаи дидору мулоқоти пайвандон бо наздикони маҳбусашон то кай идома хоҳад кард, аз вазъи эпидемилогӣ дар кишвар вобаста аст.