Обрасонӣ дар маҳаллаҳои Душанбе қатъ мегардад: эълони шаҳрдорӣ

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки як шабонарӯз дар бархе аз маҳаллаҳои пойтахт обрасонӣ қатъ мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе минтақаҳои шаҳр аз соати 23:00-и 11 ноябр то соати  24:00 –и 12 ноябри соли равон қатъ мегардад, хабар дод шаҳрдорӣ.

Ҳушдори ҳавосанҷони тоҷик дар бораи сардиҳои 15- дараҷаӣ

Манбаъ далели қатъи обрасониро ба гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии “Худҷореъ” ва омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  рабт дод.

Дар феҳрасти маҳаллаҳое, ки интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад, дар ноҳияи Шоҳмансур маҳаллаҳои Хуҷамбиёи болою поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём, Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ),  Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 зикр шудаанд.

Об омад: Сокинони як деҳаи навбунёд дар Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Дар ноҳияи Сино дар  маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам обрасонӣ қатъ мегардад, навиштааст “Ховар”.

Шаҳрдории Душанбе аз сокинони маҳаллаву шаҳракҳои зикршуда хоҳиш намудаст, ки ба миқдори зарурӣ оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.