ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Абӯбакри Азиз, бародари бузурги марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қайси Азиз ҳудуди се моҳ бо маризии “вируси корона” мубориза бурда, як ҳафтаи қабл сиҳат ёфта буд.
“Як рӯз қабл аз вафоташ бо ҳам дида, суҳбат карда будем. Сари ҳол буд ва вақти хуш дошт. Дирӯз пас аз зӯҳр ба хоб меравад ва дигар барнамехезад. Бароям боварнакарданӣ буд. Ҳоло ҳам боварам намеояд”, - гуфт Абӯбакри Азиз.
Қайси Азиз (Қайсиддин Азизов) соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи №53 – и пойтахтро хатм кардааст. Ба қавли бародари бузургаш, ӯ таҳсилашро дар мактаби олӣ идома надод, балки роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва як тоҷири муваффақе ҳам буд.
Ба қавли наздикон, марҳум бо вуҷуди масруфиятҳо дар тиҷорат ҳеҷ гоҳ аз санъати овозхонӣ дурӣ наҷуст, ҳарчанд тарғибу ташвиқ наменамуд, ҳамеша алоҳида ва дар ҷамъи хонаводаву маҳфилҳои дӯстон овозхонӣ мекард.
Қайси Азиз яке аз муассисони гуруҳҳои машҳури "Анис” ва "Мунис” буд, ки солҳои 80 – 90 – ум дар Тоҷикистон маъруфият пайдо карда, мухлисони бешуморе доштанд.
Гурӯҳи “Анис” соли 1986 таъсис ёфта, дар он панҷ бародар - Достони Азиз, Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз ҳунарнамоӣ мекарданд.
“Анис” – ро ҳама бародарон таъсис дода, муштарак ҳунарнамоӣ мекардем. Баъдтар Қайсиддин гуруҳи “Мӯнис” – ро таъсис дод. Ҳадафаш ҳам бозхонии таронаҳои мардумиву фолклор бо асбобҳои мусиқии эстрадӣ буд.
Ӯ таронаҳои халқиро ҳам хуб иҷро мекард ва ҳам алоқаи зиёде ба онҳо дошт”, - гуфт Абӯбакри Азиз. Қайси Азиз нафари дуюм аз хонаводаи овозхонони маъруф Азизовҳо аст, ки саҳнаи зиндагиро низ тарк мекунанд. Бародари ӯ Зулфиқори Азиз, овозхон ва оҳангсози мумтоз, 6 майи соли 2010 дар синни 44 - солагӣ аз сактаи қалбӣ вафот карда буд. Ӯ аз Қайси Азиз 8 сол хурд буд ва маҳбубияти зиёде дар миёни мухлисон дошт.
Дар ҳамин ҳол, Остони Азиз ва Шаҳроми Абӯбакр, овозхонони ҷавон аз хонаводаи Азизовҳо ҳоло аз ситораҳои раддаи аввали саҳнаи мусиқии имрӯзи Тоҷикистон ба шумор меоянд ва ҳунари хонаводагии худро идома медиҳанд. Ҷанозаи Қайси Азиз дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.