Бо дасти сабук: ниҳолшинонии Рустами Эмомалӣ дар маркази Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи нави кабудизоркунӣ иштирок намуда, бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт ба ин  маъракаи ободонӣ оғози расмӣ бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан дарахтони нав дар наздикии майдони Садриддин Айнӣ дар маркази пойтахт шинонд, хабар доданд, аз  маъмурияти шаҳрдорӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Даъвати Рустами Эмомалӣ аз сокинон барои шинонидани лоақал як дарахти ҳамешасабз

Ҳамин тариқ, раиси шаҳр мавсими навбатии ниҳолшинониро оғоз намуд, баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Ба иттилои манбаъ, дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешавад, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, ин мавсим тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуд.

Ёдовар мешавем, қаблан Рустами Эмомалӣ бобати ба "шаҳри сабз" табдил додани Душанбе аз сокинон даъват кард ҳадди ақал як ниҳол шинонанд.