Зокирзода бо раиси навтаъини Парлумони Малайзия мулоқот кард

Зимни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар ҳама сатҳҳо мазмуну мундариҷаи нав касб мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагон.

Зокирзода: миёни Душанбеву Тошканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳоро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар ибтидо Датук Азҳар Азизан Ҳорунро ба муносибати интихоб шудан ба мақоми Раиси Девони Ракият (Парлумон) -и Малайзия табрик намуд, афзудааст манбаъ.

"Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии қисмати тоҷикистониро таъсис додааст ва умед аст бо таъсиси гурӯҳи дӯстии  ҷониби малайзӣ аввалин машварати гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия дар наздиктарин фурсат баргузор гардад", - афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Заминсанҷ аз Рашт: Зокирзода - раиси нави Маҷлиси Намояндагон кист

“Малайзия имкони таъсиси як маркази логистикӣ-тиҷоратиро дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар минтақаи алоҳида барои содироти молҳояш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои коркарди пешакӣ ва воридоти маҳсулот аз он ҷо ба Малайзия метавонад баррасӣ кунад. Тоҷикистон метавонад нақши дарвозаи тиҷоратии Малайзия бо кишварҳои Осиёи Марказиро  иҷро кунад. Ҳамзамон дар ин ҷода Малайзия метавонад пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои АСЕАН гардад. Ҳамзамон бино ба таҷрибаи фаровони Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ мо мехоҳем муносибатҳои худро дар ин самт бо имконоти омӯзиш тавассути давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати соҳаи сайёҳӣ барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ тақвият диҳем”, - қайд кардааст Зокирзода.

Ширкати Зокирзода дар ҷаласаи СААД: ин ҷо ҳам баҳси коронавирус

Зимни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои  дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар ҳама сатҳҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.