Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ва ду мусофири хурдсолаш вафот карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 8-уми ноябр, тахминан соати 16:30-дақиқа дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Вектра", Зикриллоев Баҳром Тағойхоновичи 35 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Норак ба шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

Садамаи маргбор: бархурди ду “Опел” ва ҳалокати мусофир

Ҳамин тавр, ӯ ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Прадо", ки таҳти идораи сокини 36-солаи  ноҳияи Ҳамадонӣ Маҳсиддинзода Аваз Амирхон будааст, бархӯрдааст, ки боиси марги ронанда ва ду тифл шуд.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Зикриллоев Б.Т. ва мусофиронаш хурдсолон: Зикриллоева Нигина Шӯҳратовна, соли таваллудаш 2018, Зикриллоев Азамат Саидҷафарович, соли таваллудаш 2016, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.