ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти даҳшатбор дар ноҳияи Мастчоҳ гузориш медиҳад: зане бо маслиҳати пешакӣ бо писараш падари хонавода - шавҳарашро куштааст.
Тавре манбаъ менависад, ҳодиса субҳи дирӯз, соатҳои 7:30 дақиқаи 6-уми ноябр рух додааст.
Вазорат афзудааст, зан аввал бо шавҳар ҷанҷол мекунад, сипас ӯро бо болишт буғӣ карда мекушад.
Ба ин амал фарзанди онҳо, ҷавони 22-сола бо модараш шарик будааст.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 6-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 07:30-дақиқа, зани 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо маслиҳати пешакӣ бо писараш ҷавони 22-сола, дар ҳавлии истиқоматиаш бо шавҳараш марди 48-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо болишт бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд", - омадааст дар шарҳи ВКД.
Тафсилоти куштори бераҳмонаи муаллим аз сӯи ҳамсараш бо табар-видео
Гумонбарони ҳодиса дастгир шудаанд, ё не, иттилое нест, аммо ВКД менависад, "бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".