Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо аз 8 то 12 ҳолат афзоиш ёфта бошад, бастани ақди никоҳ аз 120 то 230 ҳолат коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Сомонаи рӯзномаи “Фараж” дар истинод ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 88 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат зиёд мебошад.

Манбаъ қайд кардааст, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 78 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 10 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор шудаст, ки баъди он 47 кӯдак аз тарбияи падарони худ маҳрум монда, зери парастории модарон боқӣ монданд.

Ақди никоҳ каму ҷудошавӣ ҳам кам: Кумитаи занон омори азҳампошии оилаҳоро гуфт

Инчунин ҳолат дар ноҳияи Қубодиён низ мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Қубодиён, дар ин давра 101 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 8 ҳолат бештар аст.

Манбаъ зикр кардааст, ки аз ин шумора 86 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 15 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанд надоранд, бекор шуда, 110 кӯдак аз тарбияи падарони худ  маҳрум мондаанд.

Гуфта шудааст, ки сабаби аслии  пошхӯрии оилаҳо ин ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, хушунати хонаводагӣ, истифодаи нодурсти телефони мобилӣ ва дигар сабабҳо мебошанд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар ҳарду ноҳия агар ҷудошавии оилаҳо зиёд шуда бошад,  бастани ақди никоҳ кам шудааст. Дар ноҳия Қубодиён 915 оила ақди никоҳ бастаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат ва дар ноҳия Ҷайҳун 678 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 9 моҳи соли 2019-ум 121 ҳолат кам мебошад.