Ҷасади марди тоҷикистониро дар McDonald's ёфтанд

Дар яке аз тарабхонаҳои ғизоҳои тезтайёри шаҳри Маскав ҷасади марди тоҷикистониро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот осори марги маҷбурӣ дар он нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ҷасади марди тоҷикистонӣ дар тарабхонаи ғизоҳои тезтайёри McDonald's дар хиёбони Мири Маскав пайдо карда шуд, итиллоъ дод хабаргузории “Москва” бо такя ба манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, ҷасади марди тоҷик дар ҳоҷҷатхонаи тарабхона пайдо карда шуд.

Муайян кардаанд, ки аз лаҳзаи марг то замони пайдо кардани ҷасад ҳудуди ду соат гузаштааст.

“Дар ҳоҷҷатхонаи тарабхонаи McDonald's дар хиёбони Мир, 39А, ҷасади зодаи 59-солаи Тоҷикистон, бидуни осори марги маҷбурӣ пайдо карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Муайян кардаанд, ки аз лаҳзаи марг то замони пайдо кардани ҷасад ҳудуди ду соат гузаштааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид кардаанд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаби марги марди тоҷикистонӣ муайян карда мешавад.