Вакили парлумон гуфт, асли дин чист? кори шахсӣ, бовар ба Худо ва сиёсату пул

Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар бораи ҷудо будани дин аз давлат суҳбат карда, таъкид намуд, ки озодшавии давлат аз чанги хурофот ва аз махлутшавӣ бо сиёсат ба манфиати дин ва нафъи давлат аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Холиқзода зимни ҳамоиш бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои озодии шахс ва соҳиб­ихтиёрии давлат суҳбат кард.

"Худата пиар накун": Қодиров аз Жириносвксий талаб кард, ки узр пурсад

Вакил моддаи 26-и Конститутсияи Тоҷикистонро зикр кард, ки тибқи он дин кори шахсии ҳар инсон мебошад ва таъкид намуд, ки танҳо олудасозии он бояд ба ғаризаҳои шахсию гуруҳӣ пешгирӣ шавад.

"Дин кори шахсии ҳар як инсон аст"

“Ҳар шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки дин ва эътиқод кори шахсии ҳар як инсон буда (моддаи 26 Конститутсия), олудасозии он бо сиёсат ва ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (талаботи моддаи 1 Конститутсия) бояд пешгирӣ гардад”, - навишт нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Холиқзода.

Вакили парлумон таъкид кардааст, ки фазои ҳуқуқии кишвар дар мисоли суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёсӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеа аз мафкураи сиёсии ҳангоматалабон дур нашудааст, бовар дорад ӯ.

Вакили парлумон гуфт, кӣ ба дин хиёнат мекунад?

Ба гуфтаи Холиқзода, асли дин ва имон на қудратталабӣ ва иштирок дар муборизаҳои сиёсист, балки эътиқод ба Худои якка ва ягона, малоикаҳои он, китобҳои осмонӣ, паёмбарони он аст.

Баъди супориши Раҳмон ба амниятиҳо: дигар барои суханҳои ноҷо ҷазои ҷиноӣ намедиҳанд

Бинобар ин ҳар нафаре, ки ­эътиқоду имонро ба муборизаҳои сиёсӣ ва манфиатноки молӣ олуда месозад, ба дин ва қонуни адли умум хиёнат менамояд, гуфт ӯ.

Ӯ таъкид намудааст, ки озодшавии давлат аз чанги хурофот ва аз махлутшавӣ бо сиёсат ба манфиати дин ва нафъи давлат аст ва илова намудааст, ки ин ҷараёнро таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ борҳо собит сохтаанд.

“Давлати демократӣ ба озодиҳо таъсир намерасонад, балки барои зуҳури онҳо шароит фароҳам оварда, бо қонун муқаррар менамояд”, - афзудааст Холиқзода.