Вазорат: фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор гирифт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон доштааст, ки зимни санҷишҳо дар муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй маводҳои доруворӣ аз муомилот гирифта шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран бо мақсади пешгирӣ аз истифодаи маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд.

Қарори Ҳукумат барои сабукӣ: дору, ниқоб ва тестҳо алайҳи СОVID-19 арзон мешаванд?

Тибқи иттилои вазорат, давоми 9 моҳи соли 2020 фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор гирифтааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй  маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 11392 адад аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамзамон, вазорати тандурустии кишвар қайд кардааст, ки бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 56 918 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифати ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.