Садамаи маргбор: бархурди ду “Опел” ва ҳалокати мусофир

Вазорати умури дохтаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб як нафар ба ҳалокат расида, се нафар дигар дар бемористон бистарӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин садама мадҳуш санаи 3-юми ноябри соли 2020, дар наздикии ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара рух додааст.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадалиев Маҳмадшариф, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар наздикии ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Сайдалиев Шарифхон, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехурад.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и Баротов Эркинҷон, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Зафархонова Санавбар ва Баротова Дилноза, сокинони шаҳри Душанбе ва мусофири автомашинаи дигари “Опел-Астра”-и Одинаев Зафар, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВУД зикр кардааст, ки кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.