Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кардааст, ки шабонарӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ягон мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Беморхонаи шаҳри Бохтар комилан дар мубориза бо вируси корона омода аст

Ба ҳамин минвол, акнун шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 11 219 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 56 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10494 (93,3%) нафар расид.

Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи маризии коронавиус дар Тоҷикистон, дасти кам 83 нафар ба ҳалокат расиданд.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.