Муовини вазир супориш дод: камбудиҳо дар таваллудхонаҳо бартараф шаванд

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон зимни ҷаласа аз роҳбарони таваллудхонаҳои пойтахт талаб кардааст, ки камбудиҳои мавҷуда дар таваллудхонаҳо ҳарчи зудтар бартараф гарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ахиран барои пурзӯр намудани фаъолияти таваллудхонаҳо, махсусан, беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба занони ҳомила, занони навзод ва занони баъд аз таваллуд ҷаласаи  корӣ доир гардид.

Мақомоти тандурустии Суғд нақшааш то соли 2021-ро гуфт

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар ин ҷаласа роҳбарони таваллудхонаҳои пойтахт ва ҳамзамон  ба тариқи онлайн роҳбарони хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар  иштирок доштанд.

Гуфта шудааст, ки Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба занони навзод ва занони баъд аз таваллуд, кӯдакони навзод, кӯдакони  то синни 5 сола ҷалб намуд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазир барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.