Шарҳи ВКД дар бораи муқобилияти ҷавонони Хоруғ бо кормандони БДА : милисаҳо тир кушоданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз муноқишаи миёни кормандони БДА ва ҷавонони шаҳри Хоруғ хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 4 ноябр рух додааст.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд

Тибқи иттилои ВКД, шаби 4-уми ноябр, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, сокини 28-солаи Хоруғ Зикилобеков Сино Файзулобекович, ронандаи худрави тамғаи "Тайота", дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накардааст.

Гуфта мешавад, ӯ ба самти шаҳри Хоруғ фирор кардааст.

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми пайгирии худрави мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд.

"Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.