Даҳшати COVID-19: шумораи ҷонбохтагон дар Эрон аз 36 ҳазор гузашт

То кунун афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 48 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 221 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бо даргузашти 419 нафари дигар аз беморони мубтало ба корона дар Эрон, шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар ин кишвар ба 36 ҳазору 579 нафар расидааст.

Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба гузориши "Парс тудэй" ба нақл аз Вазорати беҳдош ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта ҳашт ҳазору 52 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 852 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 646 ҳазору 164 нафар расидааст.

Токунун афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 48 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 221 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 34 миллиону 403 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

389 фавт ва зиёда аз 19 000 мариз дар як рӯз: вазъи ташвишовари коронавирус дар Русия