Ятимов кист? Котиботи Президент ҳолномаи раиси КДАМ-ро нашр кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармон Ятимов Саймумин Сатторовичро дигарбора ба мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ таъйин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ятимов, ки аз тирамоҳи соли 2010 дар мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекунад, 3 ноябри имсол дигарбора ба ин мақом таъйин гардид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Саймумин Ятимов 23 июли соли 1955 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Котиботи Президент: забонҳои хориҷии форсӣ, англисӣ ва русиро медонад

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ятимов соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Занги Раҳмон ба Ғанӣ баъди ҳамлаҳои террористӣ ва ваъдаи пуштибонӣ

Ихтисосаш муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои сиёсӣ буда, рутбаи генерал-полковникро дорад.

Манбаъ афзуд, ки забонҳои хориҷии русӣ, форсӣ, англисиро медонад.

“Соли 2002 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II қадрдонӣ шудааст”, - омадааст дар ҳолнома.

Аз муаллимӣ то кор дар амнияти Хоруғ ва мақомаш дар Эрону Аврупо

Дар мавриди фаъолият ва собиқаи кории Саймумин Ятимов, дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст:  

  • Солҳои 1972-1976 Донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб
  • Солҳои 1976-1977 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор
  • Солҳои 1977-1979 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС
  • 09-12 соли 1979 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор
  • 01-12 соли 1980 Курсанти курсҳои олии КАД ИРСС, шаҳри Минск Беларус
  • Солҳои 1981-1985 Корманди оперативӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ
  • Солҳои 1985-1989 Корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1989-1991 Муовини сардори шӯъбаи КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1991-1992 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Шурообод
  • Солҳои 1992-1994 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Москва
  • Солҳои 1994-1996 Сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 1996-1997 Сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1997-2000 Мушовири сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2000-2002 Сардори раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2002-2005 Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2005-2007 Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2009 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC –Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия
  • Солҳои 2009-2010 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC – Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия
  • 05-09 соли 2010 Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Дар ҳолномаи расмӣ таъкид шудааст, ки аз соли 2010 то имрӯз Ятимов дар мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекунад.