Вазъият таҳти контрол аст: Абдуллозода ҳамарӯза се ҷаласаи онлайнӣ баргузор мекунад

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус, ҳамарӯза се ҷаласаи онлайнӣ баргузор мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Ҷаласаҳои онлайнӣ бо ҳузури вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баргузор мешаванд.

Буҳрону коронавирус монеа нашуд: дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 106 корхонаи нав ифтитоҳ ёфт
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, намояндагони ситод зери роҳбарии вазир роҳҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии маризии коронавирусро баррасӣ мекунанд.

Зимнан, дар кори ҷаласа дар баробари Абдуллозода ҳамчунин муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок  менамоянд.

Муҳамадиев аз хатари асосии мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон гуфт

"Ситоди вазорат маъмулан ба  масъалаҳои назорати қатъии беморон, таҳлили амиқи вазъи бемории  COVID-19  дар мамлакат, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.