ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. ФСБ, пулис ва Росгвардия дар Маскав 8 узви як гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир карданд, ки барои бештар аз 10 ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода карда буданд.
Онҳо ду лабораторияро ошкор карданд, ки ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғул буданд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ки ин гурӯҳ дар тайи чанд сол 10 000 муҳоҷирро бо "ҳуҷҷат" таъмин мекарданд.
Ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз соли 2015 ҳамчун ташкилоте фаъолият бурда, ҳар яке нақшҳои махсусро мебозидаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Виднийи назди Маскав 9 узви як гурӯҳи ҷоноятпеша, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба додгоҳ кашида шуданд.
Собянин гуфт, муҳоҷирон дар давраи ҳамагирӣ ба ҷиноят кам даст заданд
Онҳо барои муҳоҷирон корти муҳоҷиратии қалбакӣ омода мекарданд.