Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон: Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ таъин шуд

Сулаймон Зиёзода, райиси ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) имрӯз вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамин рӯз фармони райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъиноти ӯ содир ва муаррифиаш дар вазорати кишоварзӣ анҷом шуд.

"Амонулло Салимзода, вазири собиқи кишоварзӣ, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон гузашт", - гуфт манбаъ.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ 1 январи соли 1962 дар деҳаи Сурхобчаи ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст.

Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агроном - олим хатм намудааст.

Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард

Сулаймон Зиёзода ҳудуди 30 сол дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафарободу вилояти Суғд фаъолият карда, агрономи калони собиқ хоҷагии давлатии «Ленинобод» (1983-1986), муовини директор ва директори хоҷагии давлатии «Ширин» (1992-1996), раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин» (1996-2002), раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат» (2002-2006), раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М.Абдуллоев (2006-2008), сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод (2008-2011) ва сардори шуъба - муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд (2009-2014) будааст.

Ҳамзамон дар вазифаҳои котиби дуюму якуми Иттифоқи ҷавонон (1986-1992), раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод (2011-2014) ва муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод (2014-2015) низ фаъолият намудааст.

Тайи панҷ сол охир Сулаймон Зиёзода дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд (2015-2016), раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд (2016-2018), муовини якуми раиси вилояти Хатлон (2018-2019), муовини аввали раиси вилояти Суғд (аз 14 то 28 январи соли 2019) кор карда, соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич (2019) таъин шуд.