Шералӣ Кабир - вазири нави саноат кист? донандаи 3 забон, падари 5 фарзанд

Шералӣ Кабир вазири саноат ва тенхнологияҳои нав таъин шуд. Ҳарчанд чеҳраи ноошно нест, тафсилоти зиндагии ӯ ба кам касе маълум аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино ба иттилое, ки аз манобеъи расмӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, вазири 49-солаи саноат ва технологияҳои Тоҷикистон қабл аз фаъолиятҳои маълумаш дар ширкати “Талко” низ бештар аз ҳама умри худро дар соҳаи саноату тиҷорат сипарӣ кардааст.

Шералӣ Кабиров – вазири саноат ва технологияҳои нав

Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ – кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.

Доктори улуми иқтисод (2013), донандаи забонҳои русиву англисӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад. Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал”- и заводи “Спетсавтоматика” (1993 – 1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” – и шаҳри Душанбе (1994 – 1999) низ буд.

 Пас аз ин ӯ ба вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ -техникӣ (1999 – 2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулотҳои саноатӣ (2001 – 2003) – и Тоҷикистон буд.

Ятимов, Раҳимзода, Мирзо, Имомзода: аз нав таъйин ва муаррифӣ шуданд

Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиётҳои бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.

Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.

Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъин шуд. Аз соли 2015 то имрӯз раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати алюминий тоҷик” буд, ки акнун ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла “Алюминсохтмон”, “Талко кабел”, “Талко флюарит”, “Талко Кемикал”, “Талко Ресурс”, Талко Голд” ва ғайраро муттаҳид мекунад.

“Ширкати алюминий тоҷик” ё “Талко” 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.